價格:免費
更新日期:2019-05-24
檔案大小:4.0M
目前版本:2.0
版本需求:Android 4.2 以上版本
官方網站:mailto:yakubushahin@gmail.com
Email:https://yoqubsoftprivacypolicy.blogspot.com/p/privacy-policy-info-apps-built-app-as_18.html
40 ҲАДИСИ НАБАВӢ ДАР ФАЗИЛАТИ РАМАЗОН
Ба номи Он, ки дил кошонаи Ӯст
Ба гуфтори пайғамбарат роҳ ҷӯй,
Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.
Ҳамду ситоиш мар Парвардигори ҷаҳониёнро, ки сазовори ибодат ва ситоиш аст. Дуруду саломи бепоён ба Расули раҳмат ва Хотами анбиё
Муҳаммад (с) бод.
Худованди меҳрубон дар ояти 183 сураи «Бақара» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед».
Ояти мазкур далели фарз будани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аст. Дар ниҳояти ин оят Худованд яке аз ҳикмату фоидаи рӯзаро баён менамояд, ки; «Шумо ба сабаби рӯза доштан аз аҳли тақво ва аз зумраи парҳезгорон мешавед».
Бояд ёдовар шавем, ки ибодатҳо се навъ мебошанд: 1. Баданӣ, мисли намозу рӯза; 2. Молӣ, мисли закот; 3. Молию баданӣ, мисли ҳаҷ. Бинобар ин, Худованд зимни ҳадиси қудсӣ мефармояд:
«Тамоми амали одам барои худи ӯст, магар рӯза, зеро рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро ба ӯ медиҳам».
Дар ин рисола 40 ҳадиси Пайғамбар (с) аз китобҳои мӯътабар дар фазилати рӯза бо зикри ровиён ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Аз Худованд таманои онро дорам, ки аҳодиси ҷамъоварда шуда, дар раванди баланд бардоштани фарҳанги динӣ ва таҳкими маърифати солими исломӣ нақши боризе дошта бошад.
Дар охир аз Худованди меҳрубон ва корсоз хоҳонам, ки ин амалро аз ҳама гуна риёву ғараз пок ва холис гардонда, дастгири рӯзи охиратамон гардонад.
Теги: барнома барномаи точики барномахои точики тоҷик тоҷикӣ точикистон китоб китобҳои тоҷикӣ барномаи тоҷикӣ гулбазм таджикски таджикская программа таджикистан иншо иншохо иншоҳо ҳадис ҳадисҳо 500 ҳадис дуоҳои муборак рамазон хадиси Набави